Ссылки доступа

Муттаҳамони парвандаи "ҷиҳодиён"-и Қазоқистон дар додгоҳ рагҳояшонро буриданд


Муттаҳамони парвандаи "ҷиҳодиён" дар додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 27 ноябр бо нишони эътироз ба амалҳои ғайриқонунии муфаттишон ва судя рагҳои дастонашонро буриданд.

Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев дар додгоҳ гуфтанд, ки айбҳои эълоншуда сохтакорианд ва ангезаи сиёсӣ доранд. Ба гуфтаи айбдоршавандаҳо, ҳуқуқҳои онҳо борҳо поймол шуда, судяву додситон дархостҳои онҳоро ба инобат нагирифтаанд.

Дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараёни додгоҳи ин се тан мустақиман пахш мешуд. Дар наворҳо дида шуд, ки чи гуна онҳо рагҳои дастонашонро мебуранд.

Алмат Жумагулови 44-сола дар таблиғи терроризм ва барангехтани адовати миллӣ айбдор мешавад. Кенҷабек Абишеви 52-сола ва Оралбек Омирови 48-сола дар таблиғи терроризм айбдор ҳастанд. Айбдоршавандаҳо ин иттиҳомҳоро рад мекунанд ва онҳоро сиёсӣ меноманд. Ҳар сеи муттаҳамон тирамоҳи соли 2017 боздошт шуданд.

Алмат Жумагулов эътироф мекунад, ки вай ҷонибдори ақидаҳои ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" аст. Фаъолияти ин ҳаракат дар Қазоқистон мамнуъ шудааст.

XS
SM
MD
LG