Ссылки доступа

Доварони баҳси Туркманистон бо ширкати мобилии МТС муайян шуданд


Туркманистон 23 ноябр масъалаи таъйини доварро дар баҳси ҳакамии мақомоти ин кишвар бо ширкати русии МТС ҳамоҳанг кард.

Баҳси ду ҷонибро дар додгоҳи ҳакамӣ намояндаи ИМА Ҷон Таунсенд доварӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Паоло Мишел Патоккӣ аз Швейтсария пешниҳоди ҷониби МТС-ро дар бораи доварӣ пазируфт. Ширкати МТС моҳи июли соли ҷорӣ ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ муроҷиат кард. Ширкат даъво дорад, ки намояндагиаш дар Туркманистон соли 2017 иҷборан фаъолиятро қатъ кард.

Хизматрасонии ин ширкат дар Туркманистон 29 сентябри соли 2017 қатъ шуд. Намояндагони ширкат гуфтанд, Ишқобод фаъолияти МТС-ро дар Туркманистон тамдид накард.

Моҳи июли соли 2017 расонаҳо навиштанд, ки Туркманистон хизматрасонии мобилии худиро бо номи "Ай Назар" ҷойгузини "МТС Туркманистон" карданист. Расонаҳои расмии Туркманистон навиштанд, ки аз ин идея роҳбари он кишвар ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG