Ссылки доступа

Вазири маориф: "Аз пули давлат хондед, пас бояд барои давлат кор кунед" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 27-уми ноябри соли 2018. Баъди эълони пайгард сокини Хоруғ дастгир гардид, Пайвандони муҳоҷири тоҷик ба марги табии ӯ бовар надоранд Дар Украинa “вазъи ҷангӣ” ҷорӣ шуд. Қазоқтаборони Шинҷон аз Остона кумак мехоҳанд. Сарчӯпон ба мақсадаш расид, аммо аз ин хушҳол нест. Бод лавҳаи чорметраро чаппа кард. (видео)

- Вазири маориф: "Аз пули давлат хондед, пас бояд барои давлат кор кунед". Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид мегӯяд, ба наздикӣ вакилони мардумӣ лоиҳаи кодекси маорифро баррасӣ ва эҳтимол тасвид кунанд. Вазири тоҷик бар ин назар аст, ки донишҷӯёни аз ҳисоби давлат таҳсил намуда, бояд ба нафъи давлат кор кунанд. (видео)

- Хешу ақрабо ба марги табиии Илҳомиддин Шоев бовар надоранд (видео)

- Сарчӯпон дар мақоми худ барқарор шуд, аммо бе замин монд. Шарифхон Почоев, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки соли гузашта аз мақоми сарчӯпони корхонаи "Тебалай" аз кор ронда шуда буд, барои барқарории адолат мубориза бурд ва ба мақсад расид. Додгоҳи ноҳияи Муъминобод моҳи ноябри имсол қарор кард, ки Почоев дар мақоми худ барқарор шавад (видео)

- Моҳбӣ ва хонаи гилини ӯ дар фасли зимистон. Моҳбӣ Ғаюрова, сокини 56-солаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, тобистони имсол чаҳор ҳазор дона хишт рехт ва хона пӯшид. Пасандозе, ки аз пули фаррошӣ ҷамъ карда буд, ба таҳкурсиву чӯби боми хона сарф кард (видео)

- Буҳрон ва соҳибкорон. Давоми чанд соли охир дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ бархе ширкатҳо иҷборан фаъолияташонро қатъ карданд, бархеи дигар варшикаста шуданд (видео)

- Дар Қазоқистон барои озори занон ҷазои сахттар талаб доранд.​ (видео аз Директ)

- Беш аз 80 кӯдак озору хушунат дидаанд. Бо ташаббуси СММ, аз 25 ноябр то 10 декабр дар саросари ҷаҳон иқдоми байналмилалии "16 рӯзи бидуни хушунат" ҷараён дорад. Тайи 9 моҳи ахир дар Қазоқистон беш аз 600 ҳолати хушунат сабт шудааст, ки беш аз 80 тани ҷабрдидаҳо кӯдаконанд. (видео)

- Ваъдаи мақомот барои поин бурдани арзиши тарифҳо. Мақомоти Қазоқистон ваъда медиҳанд, ки аз аввали соли равон нархи барқу низоми гармидиҳӣ поин бурда мешавад. (видео)

- Порлумони Латвия ду моҳ аст, наметавонад, ҳукуматро интихоб кунад. (видео аз Директ)

- Украина ба ҳолати низомӣ омодагӣ мебинад. (видеои Настоящее время)

- Додгоҳи конститутсионӣ масъалаи марзи Ингушетия ва Чеченистонро баррасӣ мекунад. (видеои Настоящее время)

- Буҳрони Керч дар аксҳо. Буҳрони Москва ва Киев баъди боздошти киштиҳои Украина аз сӯи сарҳадбонони Русия дар тангнои Керчен, идома дорад (нигористон)

- Дастгоҳи NASA InSight дар сайёраи Муштарӣ (Марс) муваффақона нишаст ва иттилоъ фиристод (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG