Ссылки доступа

Парвандаи $20 млн пора дар Ӯзбекистон


Раҳбарияти Оҷонси умури муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар гирифтани 20 миллион доллар пора аз шаҳрвандоне айбдор мешавад, ки хоҳиши кор кардан дар Куриёи Ҷанубиро доранд. Ин хабарро ду манбаъ дар Вазорати меҳнати Ӯзбекистон тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар ҳоли ҳозир, хабари мазкур аз ҷомеа пинҳон дошта мешавад. Аз 16 то 20 ноябр 20 корманди Оҷонси умури муҳоҷирати ин кишвар бо гумони гирифтани пора аз онҳое дастгир шуданд, ки барои пайдо кардани кор дар Куриёи Ҷанубӣ муроҷиат карда буданд. Бештари гумонбарон аллакай озод шуда, дар ҳоли ҳозир, раҳбари оҷонсӣ, муовини ӯ ва сардори як раёсати ин ниҳод дар ҳабсанд.

Манобеъ мегӯянд, раҳбарияти Оҷонси умури муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар гирифтани беш аз 20 миллион доллар пора айбдор аст. Вазорати меҳнат ва оҷонсӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Дар Додситонии кулли ин кишвар низ хабари мазкурро тасдиқ ё рад накарданд.

Мансабдорони Вазорати меҳнат ва Оҷонсии муҳоҷирати кории Ӯзбекистон ба гирифтани 5000-долларӣ аз ҳар вилоят айбдоранд. Онҳо гӯё ваъда додаанд, ки бар ивази ин маблағ, аз ҳар вилоят 400-нафариро барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мефиристанд.

“Яке аз муовинони раҳбари оҷонсиро кормандони додситонии кул ҳангоми гирифтани 5000 доллар пора дар коргоҳаш дар шаҳри Тошканд дастгир карданд. Сардори раёсат ва панҷ шуъбаи оҷонсиро 16 ноябр ва раҳбари онҳоро 20 ноябр боздошт карданд”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG