Ссылки доступа

Тоҷикистон мизони ҷарима ва пардохтҳоро боло бурд


Аз 1 январи соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Барои намуна, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 250 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ пардохт мекунанд.

Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми он 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ хоҳад шуд.

Ин тағйир дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ворид шудааст ва онро ҳафтаи гузашта вакилони порлумон тасвиб карданд. Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, тасмими мазкур ба поён рафтани қурби асъори миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ вобаста аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, он "ҳадафи ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳои зиёд дар ҷомеаро дорад".

Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ расонда шуд.

Дар Сарраёсати буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон 27 ноябр гуфтанд, “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум шумурда мешавад. Ба ин хотир ҳадафи аслӣ аз боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ ин расидагӣ ба таваррум аст.

Боло будани ҳаҷми ҷаримаҳо дар нисбати даромади мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд.

XS
SM
MD
LG