Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистон: гумрукчиён набояд дар симои сайёҳон 5-10 долларӣ бинанд


Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 28 ноябр гуфт, кишвараш мисли Гурҷистон бояд ба давлати боз табдил шавад.

Вакили порлумон гуфт, лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷорӣ кардани равуои бевиза барои бархе кишварҳо ба муҳлати то 60 рӯз"-ро бояд тағйир ва равуои бевизаро бемуҳлат кард. Вакил гуфт, терроризм ва масоили дигар - танҳо баҳонаҳое барои кишварҳои худкома ҳастанд.

Вай афзуд, сарвазир Омурбек Бабанов дар соли 2012 барои 44 кишвар низоми равуои бевизаро ҷорӣ кард ва он манфиатовар буд. "Дар соли 2012 аз Олмон ба Қирғизистон 6 874 одам омада буд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 19 300 кас омадааст. Аз Арабистони Саудӣ дар соли 2012 ба Қирғизистон 129 сайёҳ омадааст, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазор кас", - гуфт вакил. Акаев афзуд, шумори сайёҳон ба маротиб афзудааст.

Жанар Акаев қонуни мазкурро барои Қирғизистон муҳим арзёбӣ кард. Ба бовари вай, қонун ба мардуми одӣ манфиат меорад ва буҷаи кишварро ғанӣ мекунад.

Вакили порлумон пешниҳод кард, ба кор дар гумрук касоне ҷалб шаванд, ки забони англисиро донанд. "Онҳо набояд дар симои сайёҳон 5-10 долларӣ бинанд, маоши онҳоеро баланд кунед, ки забони англисиро хуб медонанд", - гуфт вакил.

XS
SM
MD
LG