Ссылки доступа

Путин қазияи боздошти маллоҳони Украинаро "тавтеа"-и Порошенко номид


Президент Владимир Путин боздошт шудани киштиҳо ва маллоҳони Украинаро дар баҳри Сиёҳ аз тарафи нирӯҳои Русия тавтеае номид, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти феълии Украина ва президент Петр Порошенко дар остонаи интихобот созмон доданд.

Пештар Порошенко ҳодисаро "таҷовузкории ошкоро" номида буд.

Путин, ки дар ҳамоиши "Русия даъват мекунад" дар Москва суҳбат мекард, гуфт, ҳолати низомӣ дар Украина тайи он ҳама задухӯрдҳои мусаллаҳона дар шарқи ин кишвар эълом нашуд, вале баъди "ҳодисаи кӯчак"-е онро эълом карданд.

Конфликт в Керченском проливе в версиях России и Украины. Сравниваем
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:27 0:00

Додгоҳи Симферопол, ки аз сӯи Кремл идора мешавад, 28 ноябр маллоҳони украинро ба ҳабс гирифт. Русия онҳоро дар нақзи марзи давлатии худ айбдор медонад.

Низомиёни Украина 25 ноябр хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд.

Идораи амнияти Қрим гуфт, се киштии низомии Украина 25 ноябр "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. ФСБ Русия истифодаи силоҳ зидди киштиҳои Украинаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки се маллоҳи украин захмӣ шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса порлумони Украина аз эъломи ҳолати низомӣ ба муҳлати 30 рӯз дар он кишвар ҷонибдорӣ кард. Ҳолати низомӣ дар даҳ вилояти ҳаммарз бо Русия ҷорӣ хоҳад шуд.

Порошенко фармони худро тағйир дода, муҳлати ҳолати низомиро аз 60 ба 30 рӯз кам кард. Дар шарҳи ин тасмим гуфт, намехоҳад, ҳолати низомӣ бо оғози маъракаҳои интихоботӣ рост ояд.

Порлумони Украина шаби 26 ноябр санаи интихоботи навбатии президентии кишварашро 31 марти соли 2019 муайян кард.

XS
SM
MD
LG