Ссылки доступа

Остона "феҳристи ягонаи созмонҳои ғайридавлатиро таъсис медиҳад


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев "фаҳмо ва шаффоф" гардонидани раванди сармоягузории созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)-ро барои ҳама муҳим номида, ба ҳукумат дастур дод, ки "феҳристи ягонаи электронии санҷиши СҒД"-ро таъсис диҳад.

Назарбоев 28 ноябр дар 8-умин Ҳамоиши шаҳрвандӣ дар Остона гуфт, қарор аст, барои таъмини дастрасии СҒД ба сармоягузорӣ раддабандии онҳо ташкил карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми сармоягузории фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ дар ҳоли ҳозир, беш аз 20 миллиард танга аст.

Дар Қазоқистон соли 2015 қоидае қабул шуд, ки СҒД-ро вазифадор мекунад, ҳамасола ба ниҳоди ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод кунанд. Мақомот гуфтанд, созмонҳое, ки ҳисобот пешниҳод намекунанд, аз ҳаққи гирифтани грант ё иштирок дар озмунҳои дарёфти фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ маҳрум хоҳанд шуд. Бино ба омори расмӣ, соли 2016 ҳудуди 16 ҳазор СҒД дар Қазоқистон ҳисобот пешниҳод накардандаанд.

Ҳамоиши шаҳрвандӣ, ки созмондиҳандагонаш, ҳадафи онро рушди муколама миёни намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳукумат барои иштироки бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар умури идораи давлат меноманд, дар ду сол як бор дар Остона баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG