Ссылки доступа

Сингапур бо харҷи $2,5 миллиард "шаҳри ҳушманд"-и Тошкандро месозад


Як ширкати сингапурӣ бо харҷи $2,5 миллиард дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон "шаҳри ҳушманд" месозад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, тафоҳумномаи сохтмон байни ширкати Universal Success Enterprises ва ҳукумати Ӯзбекистон дар нахустин форуми байналхалқии сармоягузорӣ баста шуд. Ин форум рӯзҳои 19-21 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Интизор меравад, ки лоиҳа то охири соли 2021 амалӣ шавад.

Ширкати Universal Success Enterprises дар сохтани "шаҳрҳои ҳушманд" таҷриба зиёд дорад. Ба вижа ин ширкат лоиҳаи Kolkata West International City ва Dholera Special Investment Region-ро дар Ҳиндустон сохтааст.

XS
SM
MD
LG