Ссылки доступа

Пирӯзии Саломе Зуробишвилӣ дар даври дувуми интихоботи Гурҷистон


Дар даври дувуми интихоботи президентии Гурҷистон Саломе Зуробишвилӣ аз ҳизби "Орзуи гурҷӣ" баранда эълом шуд.

Бар пояи ҳисоби тақрибан 100%-и варақаҳои овоздиҳӣ 59 дар сади раъйдиҳандагон аз Зуробишвилӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Танҳо 40% ба Григол Вашадзе аз ҳизби "Нерӯ дар иттиҳод" раъй додаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, иштироки раъйдиҳандагон дар даври дувуми интихоботи президентии Гурҷистон, ба ҷуз аз онҳое, ки дар хориҷ раъй доданд, 56%-ро ташкил медиҳад. Ба огаҳии Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон, Саломе Зуробишвилӣ тақрибан дар тамоми шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла Тифлис, Кутаисӣ, Потӣ, Батумӣ, Зугдидӣ ва Горӣ аксари раъйи мардумро ба даст овардааст.

Зуробишвилӣ ва Вашадзе дар гузашта вазири умури хориҷии Гурҷистон буданд. Банди асосии барномаи пешазинтихоботии Зуробишвилӣ шомил шудани Гурҷистон ба НАТО ва иттиҳоди сулҳомези кишвар аст. Номзадии Вашадзеро эътилофи мухолифин ба раҳбарии “Ҳаракати ягонаи миллӣ”-и президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ пешниҳод карда буд.

Дар даври аввали интихобот низ Зуробишвилӣ баранда эълом шуд, вале мухолифон ҳукуматро ба кушиши сохтакорӣ айбдор карданд.

Президенти Гурҷистон барои шаш сол интихоб мешавад. Ин охирин раъйдиҳӣ аст, ки президент мустақиман интихоб мешавад: дар оянда роҳбари давлатро аъзои порлумон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ муайян хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG