Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қазоқистон: хонандагон бо рифолаи ройгон таъмин шаванд (видео)


Минздрав Казахстана предложил раздавать презервативы школьникам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:59 0:00

Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, дар ин кишвар сиқти ҳамл ё фигонаро аз 16-солагӣ бидуни огаҳии волидон иҷозат дода, дар мактабҳо ба хонандагон рифолаи ройгон тақсим карда шавад.

Сухан аз духтароне меравад, ки аз 15 то 18 сол доранд. Аз рӯи нишондоди мазкур Қазоқистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон пешсаф аст. Пешниҳоди вазорат, феълан дар баррасии ом қарор дорад.

Вазорати тандурустии Қазоқистон бовар дорад, ки наврасон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл маълумоти кофӣ надоранд ва бинобар ин, аз онҳо истифода намекунанд. Ба гуфтаи вазорат, тақсими ройгони рифола ба пешгирии ҳамлҳои нобаҳангом дар синни наврасӣ мусоидат хоҳад кард.

"Наврасон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дар 16-солагӣ дарёфт мекунанд ва ҳамзамон аз синни 16 ҳаққи тасмими мустақилонаро доранд. Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, ин таҷриба дар кишварҳои дигар низ ҳаст", - гуфт муовини вазири тандурустии Қазоқистон Лаззат Актаева.

Тасмими додан ё надодани иҷозати фигона ба наврасон бидуни огоҳии волидон ва тақсими ройгони рифола ба хонандаҳо дар ҷаласаи бози порлумони Қазоқистон гирифта хоҳад шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар мегӯяд, ҳар сол беш аз 6 ҳазор наврас обистан мешаванд.

XS
SM
MD
LG