Ссылки доступа

Ҷопон ба танзими зоиш дар Тоҷикистон кумак мекунад


Ҳукумати Ҷопон дар чаҳор соли оянда барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 20 миллион дона рифола ва маводи дигари зидди ҳамл хоҳад дод.

Барои иҷрои ин тарҳ дувуним миллион доллар пешбинӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин кумакҳо дар чаҳорчӯби барномаи танзими хонавода дар кишвар ироа мешавад.

Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 28-уми ноябр гуфт, "қарор аст, Ҷопон соли 2019 беш аз панҷ миллион дона рифола диҳад". “Ҳадафи барнома коҳиши фавти модарон, риояи фосилаи байни таваллуд ва ба дунё овардани кӯдакони солим аст. Мақсад коҳиши таваллуд нест, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак аст", - гуфт ӯ.

Ғанизода афзуд, қаблан мардҳо ва занони тоҷик рифоларо ҷиддӣ намегирифтанд, "вале ҳоло фаҳмишҳо тағйир кардааст". Ӯ мегӯяд, "нисбат ба солҳои гузашта истифода аз рифола зиёд шудааст. Ба ҷуз он ки мо бепул медиҳем, мушоҳида мешавад, мардон аз дорухонаҳо хеле зиёд рифола мехаранд".

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак мегӯяд, ин рифолаҳо истеҳсоли Ҷопон буда, истифодаашон бештар аз хоҳиши мардон вобаста аст.

Қаблан ​Бонки ҷаҳонӣ низ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои ҳалли мушкили афзоиши аҳолӣ дастрасӣ ба маводи зидди ҳамлро бештар кунад. Бонк дар моҳи сентябр дар гузориши тозааш таҳти унвони "Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташхиси маҷмӯии кишвар" навиштааст, афзоиши босуръати аҳолӣ монеи коҳиши фақр дар ҷумҳурӣ мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Моҳи майи соли 2018 дар Тоҷикистон тифле таваллуд шуд, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонд.

XS
SM
MD
LG