Ссылки доступа

Ширкатдорони гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона вазъи ин кишварро баррасӣ карданд


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нахустин рӯзи даври 11-уми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия баргузор шуд. Мулоқоти ширкатдорон пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Дар даври 11-уми гуфтугӯҳо намояндагони кишварҳои кафил: Русия, Туркия ва Эрон, инчунин фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стеффан де Мистура ширкат мекунанд. Ҳайати мухолифони мусаллаҳи Сурияро генерал Аҳмад ал-Тома ва ҳайати ҳукуматиро Башор ал-Ҷаъфарӣ роҳбарӣ мекунанд.

Кайрат Абдраҳмонов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар доираи гуфтугӯҳо бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқот кард.

"Мавзуъҳои асосии ин мулоқот вазъи феълии минтақаҳои Сурия, аз ҷумла вилояти Идлиб, дурнамои ниҳоии сулҳи Сурия, инчунин ташкил ва роҳандозии Кумитаи конститутсионӣ дар умури Сурия ҳастанд", - омадааст дар хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Башор ал-Ҷаъфарӣ аз роҳбарияти Қазоқистон барои ташкили гуфтугӯҳо изҳори сипос кард. Намояндаи мухолифон ҳам бо ин мазмун сипосгузорӣ намуд.

Кайрат Абдраҳмонов таваҷҷуҳи ширкатдоронро ба густариши кумакҳои башарӣ, тақвияти бовар миёни ҷонибҳои даргир, табодули асирон ва ғайра ҷалб кард.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона имрӯз, 29 ноябр ҳам идома мекунанд.

XS
SM
MD
LG