Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, қоидаи нав ҳудуди ним сол пеш ба иҷро даромадааст, вале сокинон танҳо баъд аз нагузаштани пули нафақа огаҳ шудаанд.
"Қоидаи нав аз замоне ба иҷро даромадааст, ки пардохти пули нафақа ба воситаи кортҳои бонкӣ оғоз шуд. Вале бештари нафақахӯрон огаҳ карда нушадаанд, ки исботи зинда будани худ ҳатмӣ аст. Бори нахуст се моҳ баъд ва дафъаи дувуму севум шаш моҳ баъд бояд аз қайд гузашт. Ман хостам, фармон дар ин бораро нишон диҳанд, вале надоданд", - афзуд ӯ.
Дар Туркманистон пули нафақаи шаҳрвандоне, ки ба сини 70 нарасидаанд, расман аз 1 июли соли равон ба кортҳои бонкӣ гузаронида шуд. Дертар, аз моҳи сентябр шаҳрвандони аз 70-сола боло ҳам, ки пули нафақаро нақдина мегирифтанд, аз ин ҳақ маҳрум шуданд,