Ссылки доступа

СММ гуфтугӯҳои сулҳи Сурияро дар Остона ноком унвон кард


Русия, Туркия ва Эрон дар даври охири гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон натавонистанд, дар танзими сиёсии низоъи Сурия ба пешрафте ноил шаванд. Дар ин бора фиристодаи махсусии СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура хабар дод.

Вай изҳори таассуфи амиқ кард, ки ҷонибҳо барои сохтани кумитаи конститутсионии Сурия ба созиш нарасиданд.

Ин кумита дар якҷоягӣ бо де Мистура мебоист лоиҳаи нави Конститутсияи Сурияро тартиб медод. Ниҳоди машваратӣ мебоист, 150 кафилро аз ду ҷониб - ҳукумат ва мухолифин фаро мегирифт. Баъди таъсиси кумита, қарор буд, гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Женева таҳти сарпарастии СММ дубора роҳандозӣ шаванд.

Пештар аз ин де Мистура изҳор дошта буд, ки дар сурати то охири соли ҷорӣ таъсис нашудани чунин кумита, аз талошҳои баъдии таъсиси ниҳоди мазкур даст мекашад.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона бо ташаббуси Русия моҳи январи соли гузашта шуруъ шуд. Ҳадафи асосӣ аз ин гуфтугӯҳо - хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия унвон мешавад. ИМА борҳо Москва ва Димишқро барои гуфтугӯҳои бенатиҷа дар пойтахти Қазоқистон танқид кард.

XS
SM
MD
LG