Ба иттилои додситонӣ, воридоти мошинҳо бе пардохти боҷи гумрукӣ сурат мегирифт. Ба ҷуз ин, гуруҳ мошинҳои аз Русия дуздидашударо ба Қирғизистон ворид ва ҳуҷҷатгузорӣ мекард.
Яке аз гумонбарон рӯзи 28 ноябр аз Арманистон ба Қирғизистон истирдод шуд.
Моҳи июли соли 2018 ҳукумати Қирғизистон боҷи гумрукӣ ва андозро барои мошинҳо кам кард. Баъди ин, воридоти мошинҳо аз Гурҷистон бештар шуд.