Ссылки доступа

Парвандаи "фасодкорӣ"-и ҳокими пешини вилояти Самарқанд ба додгоҳ рафт


Мақомоти додситонии кулли Ӯзбекистон парвандаи ҳокими пешини вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва ҳамдастонашро ба додгоҳ ирсол кард.

Манобеъ мегӯянд, баррасии парванда пӯшти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд.

Тафтишот чаҳор масъули вилояти Самарқандро дар дуздии амволи давлатӣ, сӯистифодаи мансаби давлатӣ ва порагирӣ айбдор мекунад. Бино бар иттилои тафтишот, масъулон дар солҳои 2017-2018 бештар аз 2 миллион доллар пора гирифтаанд.

Аз говсандуқ ё "сейф"-и ҳокими Самарқанд зимни бозҷӯӣ 1 миллиону 850 ҳазор доллар мусодира шуд.

Парванда нисбати ҳокими пешини Самарқанд рӯзи 13 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси сарвазири Ӯзбекистон ва раиси Хадамоти давлатии амнияти ин кишвар боз шуд.

XS
SM
MD
LG