Ссылки доступа

Ду ширкат ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Чин мис содир кардаанд


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои молии Қирғизистон мегӯяд, ду ширкат якуним сол бидуни иҷозат аз ин кишвар ба Чин мис интиқол додаанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти содиршуда 10 млн сом (ҳудуди $143 ҳазор)-ро ташкил медиҳад.

Ба огаҳии хадамот, ширкати "У.Т. ва К." аз соли 2017 то охирҳои соли равон 1 764 тонна мисро ба ширкати байналмилаии "Б.", ки дар Чин аст, интиқол додааст. Дар иҷозатномаи маҳсулот қайд шуда, ки он дар кони "Алик Аликсуяк"-и ноҳияи Алайи вилояти Ӯш истихроҷ гаштааст.

Вале ба иттилои Вазорати иқтисоди Қирғизистон, "У.Т. ва К."​ ҳаққи содироти мисро надорад. Ширкат дар якунимсол ба маблағи 6,2 миллион сом маҳсулот содир кардааст. Хадамот номи пурраи ширкатро ошкор намекунад, вале манобеъ гуфтанд, сухан аз ширкати "Универсал Транс ва Ко" меравад.

Ширкати дувум – "Т.С" ҳам аз соли 2017 то охири соли 2018 ба ширкати "Ч." (Чин) тақрибан 1,5 ҳазор тонна мис ба маблағи 4,2 млн сом содир кардааст. Ин ширкат барои коркард ва содироти мис иҷозатнома надоштааст. Ба гуфтаи манобеъ, номи пурраи ширкати дувум "Терек Сурма" аст, ки ба "Чжуня" маҳсулот содир кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, зидди ду ширкат бо банди "соҳибкории ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG