Ссылки доступа

Дар Тошканд молики автобуси дар Қазоқистон оташгирифтаро боздошт карданд


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон молики автобусе, ки дохили он 52 ӯзбекистонӣ кушта шуданд, боздошт гардид. Дар ин бора мақомоти пулиси шаҳри Тошканд хабар доданд.

Автобусе, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба Русия мебурд, 18 январи соли ҷорӣ дар шоҳроҳи вилояти Оқтеппа оташ гирифт. Панҷ тан аз мусофирон наҷот ёфта, 52 каси дигар ба ҳалокат расид.

"Ин автобус ба О.М. шаҳрванди 46-солаи Қазоқистон тааллуқ дошт, ки вай аз тафтишот пинҳон шуда, худро ба мақомот таслим накард. Ӯро дар Қазоқистон дар содир кардани ҷиноят айбдор медонистанд", - хабар доданд расонаҳои Ӯзбекистон.

Молики автобуси оташгирифта 20 ноябри соли 2018 дар шаҳри Тошканд боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG