Ссылки доступа

Назарбоев аз хонандагон даъват кард, забони чиниро омӯзанд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон аз ҷавонон даъват кард, забонҳои хориҷӣ, ба вижа чиниро омӯзанд. Дар ин бора вай дар форуми "Меросбарони Саҳрои бузург" суҳбат кард.

"Дар асри ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ муҳим аст. Машҳуртарин забон англисӣ аст, испанӣ дар мақоми дувум меистад, аммо барои мо забони чинӣ муҳим аст", - гуфт Назарбоев.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир 20 дарсади маҷмуи додугирифти хориҷии Қазоқистонро тиҷорат бо Чин ташкил медиҳад.

"Донистани забони англисӣ корро осон мекунад, зеро тиҷорат ҳам дар Ҷопон ва ҳам дар Чин бо англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо аҳолии иборат аз 1,5 миллиард одам далолат мекунад, ки забони чинӣ бартарӣ хоҳад ёфт. Ман таҷриба накардаам, аммо огоҳон мегӯянд, ки барои қазоқҳо омӯхтани чинӣ осон аст", - гуфт Назарбоев.

XS
SM
MD
LG