Мадина Толиббекова барои бозидани нақши асосӣ дар филми муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон -- "Дилбарам" ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманди зан”-ро соҳиб шудааст. Оқилбек Абдухолиқов аз Қирғизистон барои нақшаш дар филми Темир Бирназаров – “Садамаи шабона” беҳтарин ҳунарманд эълом гашт.
Филми "Дилбарам" бар пояи қиссаи нависандаи мардумии Қирғизистон Чингиз Айтматов "Ниҳолаки румолсурхаки ман" таҳия ва нахустнамоиши он 6 декабр дар Қирғизистон баргузор шуд.
Филми мазкурро дар деҳаҳои Наной ва Говаи вилояти Намангони Ӯзбекистон ва дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сабт карданд.
Нақшҳои асосӣ - Илёс ва Байтемирро бозигарони ӯзбек Адиз Раҷабов ва Улуғбек Қодиров офаридаанд. Нақши Асал ва Хадичаро - бозигарони қирғиз Мадина Талипбек ва Элина Абай қизӣ бозӣ карданд.
"Садамаи шабона"-и филми Бирназаров дар мавзуи муҳаббат аст. Нақшҳои асосиро Оқилбек Абдухолиқов бо номи Тентӣ ва духтаре мебозанд. Абдухолиқов нақши пирмардеро мебозад, ки шабе дар роҳ як духтари захмиро пайдо мекунад.