Ссылки доступа

Дар робита ба садамаи нақлиётии Хоруғ як афсари Нируҳои марзбонӣ боздошт шуд


Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ, ки ду кушта бар ҷой гузошт, як афсари нируҳои марзбонии кишварро дастгир карданд.

Шаби 1-уми декабр дар шаҳри Хоруғ худрави "Toyota RAV-4" зери идораи афсари Нируҳои марзбонӣ бо нақлиёти мусофиркаши "Тангем" бархӯрд. "Toyota RAV-4" ба Отряди сарҳадии Хоруғ мутааллиқ аст. Ҳодиса дар маҳаллаи ниругоҳи "Помир-1" рух додааст.

Як манбаи мӯътамад дар мақомоти интизомӣ рӯзи 3-юми декабр хабари боздошти афсари Нируҳои марзбониро тасдиқ карда, гуфт, дар қисми низомии ин ниҳод дар шаҳри Хоруғ адои вазифа мекард. Мақомот мегӯянд, дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шуда, сабабҳои аслии сар задани он муайян карда мешаванд.

Як ҳамсӯҳбати дар ҳукумати вилояти Бадахшон гуфт, дар натиҷаи садамаи мазкур ду нафар ба дарё афтиданд, ки ҷасади як нафари онҳо пайдо шуда, ҷустуҷӯи дувумӣ идома дорад.

Хабаргузории “ФерганаNews" бо истинод ба як манбаи худ дар Хоруғ иттилоъ дод, ки сокинони маҳаллӣ мусофирони мошини "Toyota"-ро боздошта, талош кардаанд, худ ӯро ҷазо диҳанд ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ монеи ин худсарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG