Ссылки доступа

Омӯзгори ӯзбек барои таҳқиру латтукӯби хонандагон аз мақом барканор шуд


Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки аз ӯ танҳо Р. М. ном бурда мешавад, барои таҳқир ва латтукӯби хонандагон аз мақом барканор шуд.

Пештар расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Бувайда омӯзгорон бо ҳар баҳона, аз ҷумла обуна шудан ба нашрияҳо аз хонандагон пул талаб мекунанд. Ҳамчунин бархе аз онҳо хонандагонро дашном дода, таҳқиру латтукӯб менамоянд.

Дар пайи санҷиши Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Ӯзбекистон маълум шуд, раҳбари синфи 7В-и мактаби мазкур Р. М. 16 ноябри соли 2018 зидди хонандагоне, ки пули обунаро наоварда буданд кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст.

Дар натиҷа, бо фармони раҳбарияти Идораи маорифи вилояти Фарғона, Р. М. ва муовини мудир оид ба таълиму тарбия Х. А. аз мақом барканор шуданд. Мудири мактаб Р. А. ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.

"Вазорат ҳама гуна амалҳои хушунатомезро маҳкум карда, аз омӯзгорону волидон даъват мекунад, хештандор бошанд ва мушкилиҳоро бидуни зарбу шатта ҳал намоянд. Ҳамчунин аз масъулони мактабҳо талаб мешавад, ки ҷамъоварии ғайриқонунии пул аз волидону хонандаҳоро бо ҳар баҳона қатъ кунанд", - гуфтанд дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG