Ссылки доступа

Мушаки "Союз" дубора аз Байконур ба фазо партоб шуд


Мушаки борбари русии "Союз МС-11" бо се кайҳонавард аз Русия, Канада ва ИМА тавассути пойгоҳи Байконури Қазоқистон ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ (ИБК) партоб шуд.

Ин нахустин парвози кайҳонавардон ба ИБК баъд аз партоби нокоми "Союз" дар моҳи октябр аст. Дар ҳайати экипаж, ки 3 декабр парвоз карданд, кайҳонаварди "Роскосмос" Олег Кононенко, кайҳонаварди NASA Энн Макклейн ва кайҳонаварди Оҷонси кайҳонавардии Канада Давид Сен-Жак ҳастанд.

Мушак тақрибан соатҳои 17:40 ба вақти Остона партоб шуд.

Ёдрас мешавем, ҳангоми партоби мушаки "Союз МС-10" бо ду кайҳонавард аз Байконур, ки 11 октябр сурат гирифт, садама рух дод. Тавре манобеи хабаргузории "Интерфакс" гуфтанд, ҳангоми сар додани мушаки "Союз"-и Русия муҳаррики зинаи дувуми он аз кор монд. Кайҳоннавардон Алексей Овчинин ва Никӣ Ҳейгу тавонистанд ба замин баргарданд.

XS
SM
MD
LG