Китоби мазкур шомили матни таҳқиқотҳои телевизионӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва корҳои Уланбек Эгизбоев ҳаст, ки фасодкорӣ ва беқонуниро ифшо кардаанд. Ҳамчунин дар он мақола ва гузоришҳои аксии рӯзноманигор гирдоварӣ шудаанд.
Таҳиягарон умедворанд, ин китоб барои онҳое, ки мехоҳанд, кори Эгизбоевро идома диҳанд, ёвар ва мушовири хубе хоҳад буд.
Китоби "Уланбек Эгизбоев. Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат" бо ташаббуси Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва сармоягузории бунёди "Сорос-Қирғизистон" нашр шудааст. Рӯнамоии он 13 ноябр дар бинои радио баргузор шуд.
Уланбек Эгизбоев 22 июл ҳангоми истироҳат дар кӯли осоишгоҳи "Акун"-и Иссиқкӯл ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.