"Давоми ду ҳафта аст, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Дашоғуз бензин бо мушкил дастрас мешавад. Дар вилояти Лебап ҳам ҳамин вазъ аст", - гуфт як сокини Туркманистон.
Ба гуфтаи вай, дар сурати пайдо шудани бензин онро бо меъёр мефурӯшанд. "Баъзан то 10 литр ва баъзан то 20 литр. Аз он бештар намефурӯшанд. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам бензин ба ҳама намерасад", - гуфт манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, сар аз моҳи январи соли 2019 дар Туркманистон қимати сӯзишворӣ ду баробар гарон шавад. Хабарҳои болоравии бензин сокинонро водор кардааст, ки сӯзишвориро захира кунанд.