Ссылки доступа

Бозори тоҷирони ӯзбекистонӣ дар Исфара холӣ монд


Як гӯшаи бозори "Навбаҳор", маъруф ба гузари тоҷирони ӯзбекистонӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ки то се моҳи пеш нисбатан арзону серодам буд, холӣ мондааст. Ин гузар баҳори имсол дар пайи беҳбуди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ шуд, вале кораш дер давом накард.

Абдуғанӣ Рауфов, як масъули бозори молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Исфара яке аз сабабҳои холӣ мондани бозоррро бештар ба "гаронии боҷи гумрукӣ" рабт дод.

Аммо Собит Умарзода, муовини раиси шаҳри Исфара, рӯзи 3-юми декабр гуфт, азбаски матоъ ва маҳсулоти дигари тоҷирони ӯзбекистонӣ "сифати хуб надошт ва харидор наёфт", бозор пароканда шуд. Ӯ гуфт, ҳоло баъзе аз тоҷирони ӯзбекистонӣ ба савдои меваву сабзавот машғуланд, ки дар гӯшаи дигари шаҳри Исфара ҷойгир аст.

Муовини раиси шаҳри Исфара вуҷуди масъалаи боҷи гумрукиро дар ин қазия рад накард. Собит Умарзода гуфт, дар гузашта тоҷирони Ӯзбекистон хоста буданд, ки барои воридоти мол ба кишвар онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ пурра озод намоянд.

Тобистони имсол мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки касе ҳақ надорад ба он кишвар бо худ беш аз 10 кило бор ворид намояд. Ба дунбол мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки воридоти ҳамагӣ панҷоҳ кило бор аз Ӯзбекистон ба кишвар иҷозат аст. Барои ворид кардани аз ин миқдор бештар мол бояд бояд вобаста ба навъ ва ҳаҷмаш боҷи гумрукӣ пардохта шавад.

Собит Умарзода "қаблан аз мо хоста буданд, ки боҷи гумрукиро аз байн бубарем. Дар ҳоли ҳозир ин кор номумкин аст, чун байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои лағви боҷи гумрукӣ санад имзо нашудааст. Мо тарафдори воридоти баъзе мол аз Ӯзбекистон ҳастем. Барои мисол, мо корхонаҳои калони консерва дорем ва мехоҳем аз онҷо помидор биоранд. Вале барои ворид шудани мошинҳои калони боркаш пардохти аз 250 то 500 доллар муқаррар шудааст, чӣ кор кунем", - шарҳ дод муовини раис.​

Се моҳ қабл дар гузари тоҷирони ӯзбекистонӣ дар бозори “Навбаҳор”-и Исфара тақрибан 100 нафар кор мекард. Онҳо аз маҳсулоти ғизоӣ сар карда, то ҷорӯбу гулҳоро ба савдо гузошта буданд. Абдуғанӣ Рауфов мегӯяд, ҳатто ба бозор хатти барқ кашида, барои тоҷирони ӯзбек ҷои хоб ва “чеки бозор”-ро бепул карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нуҳ моҳи соли 2018 мизони додугирифт ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст Қаблан раҳбарони ду кишвар ваъда дода буданд, ки ин рақамро солҳои наздик то ба 1 миллиард доллар мерасонанд.

XS
SM
MD
LG