Ссылки доступа

Хатари қочоқи инсонҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ вуҷуд дорад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 3-уми декабри соли 2018. Боздошти афсари нерӯҳои марзбон баъди садамаи маргбор дар Хоруғ, кумак ба қурбониҳои қочоқи инсон дар Тоҷикистон, фирори тоҷирони узбек аз бозори Навбаҳори Исфара, варзиш барои ҳама ва матолиби дигар. (видео)

- Хатари қочоқи инсонҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ вуҷуд дорад. Дар 15 соли охир 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар муроҷиат ба Созмони байналмиллалии муҳоҷират ва сохторҳои ҳифзи қонун, аз худ ба унвони қурбонии қочоқи инсон хабар додаанд. Дар солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон бештар дар қаламрави Афғонистон, Туркия, Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ ва бархе кишварҳои арабӣ мавриди сӯиистифодаи шаҳвонӣ ё истисморӣ корӣ қарор гирифтаанд. (видео)

- Мастонаи Асо: "Дар ҷустуҷӯи шавҳар нестам, дар ҷустуҷӯи адолатам". Талоши яксолаи Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, барои барқарор кардани обрӯяш нақшаҳои зиндагии ин духтари 21-соларо тағйир дод. Мастонаи Асо моҳи августи соли 2017, пас аз ду рӯзи арӯсӣ бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг, бо иттиҳоми “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд (видео)

- Бозори тоҷирони ӯзбек дар Исфара холӣ монд (видео)

- "Варзиш барои ҳама". Маъюбони тоҷик дар баскетбол қувва меозмоянд. Қувваозмоии ду дастаи баскетбол – “Ғайрат”-и Душанбе ва “Имкон”-и шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар ҳошияи як барномаи густурдаи тарғиботӣ муассисони ин тимҳо мехоҳанд, дар минтақаҳои Тоҷикистон шахсони имконияташон маҳдуд ва ё маъюбонро ба баскетбол ҷалб кунанд (видео)

- Осиё: ҷанги тиҷории Ӯзбекистон ва Украина. Як гуреза аз Шинҷон дар Конгресси ИМА дар бораи марказҳои бозомӯзии сиёсии Чин суҳбат кард. Ӯзбекистон воридоти шакарро аз Украина қатъ кард. Дар Алмато конфронси ҳимояти ҳуқуқи занон дар Осиё баргузор шуд. Ӯзбекистон аз 1 январ визаи хуруҷиро бекор мекунад. (видеои Настоящее время)

- Се ҳафтаи эътирозҳо дар Порис. Табибони ёрии таъҷилӣ низ ба кучаҳо баромаданд​. (видеои Настоящее время)

- Зани уйғур дар бораи шиканҷа дар марказҳои бозомӯзии сиёсии Шинҷон гуфт. (видеои Настоящее время)

- Ошиқӣ дар низоми махсус. Вижагиҳои зиндагии ҳамсарони зиндонбонҳо (видео)

- Ангуштарии арӯсӣ соҳибашро ёфт (видео)

- «Сардиҳои қаҳратун кӯдакону пиронро кампалпӯш кард» (видео)

- Вазирону муовиноне, ки дар фасодкорӣ айбдор шуданд (видео)

- «Ба кор қабул накарданд». Гулнора тасмим гирифт, арусак офарад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG