Ба ҷуз ин, дар Ӯзбекистон 16 нирӯгоҳи нави хурди барқӣ-обӣ бунёд ва 21 истгоҳи дигар бозсозӣ хоҳанд шуд.
Харҷи умумии иҷрои тарҳҳои мазкур 2,6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ки 600 миллиони онро Тошканд қарз хоҳад гирифт.
Пас аз иҷрои тарҳҳо дар Ӯзбекистон солона 2,8 миллиард киловатт-соат бештар нирӯи барқ истеҳсол шуда, шумори умумии нирӯгоҳҳо ба 57 адад ва ҳаҷми барқи истеҳсолшаванда ба 9,3 миллиард киловатт-соат хоҳад расид.