Ссылки доступа

Мастонаи Асо: Вақте пул надорӣ, касе ҳарфи туро намешунавад (видео)


Мастона Асо
Мастона Асо

Талоши яксолаи Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон барои барқарор кардани обрӯяш нақшаҳои зиндагии ин духтари 21-соларо тағйир дод. Мастонаи Асо моҳи августи соли 2017, пас аз ду рӯзи арӯсӣ бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг бо айби “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд.

Ба гуфтаи Мастона, ин ҳодиса тамоми низоми зиндагии хонаводаашро тағйир дод. “Падарам ба дари идораҳо мераваду меояд. Вақте мефаҳмам, ки на додрас, на додситон, на вакили мудофеъ ва на раиси занон як зарра парво надоранд, сахт алам мекунад. Вақте пул надорӣ, касе ҳарфи туро намешунавад. Мушкили ман содда нест. Бо туҳмат ва латту кӯб аз хонаи шавҳар ронда шудам ва ҳеҷ кас инро шунидан намехоҳад”, - изҳор дошт ӯ 3 декабр.

Вай мегӯяд, дар даст чанд санаде дорад, ки духтарӣ ё бокирагии ӯро собит мекунад ва мехоҳад, шавҳари собиқаш барои "туҳмат" ва ҳамчунин латту кӯб дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Асомиддин Ҷалолов, падари Мастона гуфт, дар давоми як сол дари 16 ниҳоди давлатиро кӯфт, аммо ҳеҷ ниҳод ва созмони ҳомии ҳуқуқ ва дигарон барои расидагӣ ба ин қазия изҳори омодагӣ накардаанд.

Вале Мастонаи Асо мегӯяд, давутозу муроҷиатҳои то ба ҳол бенатиҷаи онҳо барои барқарор кардани обрӯяш ва исботи онки нодухтар набуд, ӯро нашикастааст. Бараъкс, ӯро барои расидан ба орзуи кӯдакияш, ки нияти маъмури милиса шуданро дошт, наздиктар кард.

“Аз талошҳои падарам – раҳбари хонаводаи иборат аз панҷ духтару як писар ҳаминро дарк кардам, ки барои таҳсил дар донишгоҳ ҳатман пуштибониву ёриам мекунад”, - нақл кард ӯ.

Сӯҳбати пешини Мастонаи Асо бо Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишташ, ки ду моҳ пеш анҷом шуд, вокуниши зиёдеро ба бор овард. Нафарони зиёде дар ҷустуҷӯи телефон ва суроғаи падари ин духтар шуданд. Бештари онҳо ба ӯ пешниҳоди арӯсӣ доданд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло ҳадафи барпо кардани оила ва ҷустуҷӯи номзадро надорад.​

Мақомот то ба ҳол дар робита ба қазияи Мастонаи Асо изҳори назаре накардаанд.

Мастона Асо: "Я ищу не мужа, а справедливости"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:50 0:00

XS
SM
MD
LG