Ссылки доступа

Порошенко гуфт, Украина ба Додгоҳи байналхалқии СММ шикоят мебарад


Украина бо таҳияи шикоят ба Додгоҳи байналхалқии СММ талаб хоҳад кард, ки Русия масъули хушунаткориҳо дар тангнои Керч эътироф шавад. Дар ин бора президенти Украина Петр Порошенко дар барномаи телевизиони ICTV хабар дод.

Ба гуфтаи вай, маллоҳони боздоштшудаи украин комилан дар асоси талаботи меъёрҳои байналхалқӣ амал кардаанд. Баракс, марзбонони Русия ба онҳо дар обҳои бетарафи баҳри Сиёҳ ҳамла овардаанд. Боздошти маллоҳони Украина дар салоҳияти марзбонони Русия набуд, зеро онҳо дар натиҷаи рафтори хушунатбор ғасб шудаанд ва дар асоси Конвенсияи Женева асири низомӣ шумурда мешаванд. Барои бозгардонидани маллоҳони украин ва эътирофи хушунатҳои Русия "муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ" муҳим аст, гуфт Порошенко.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор карда буд, ки то 3 декабр дар бораи саломатии маллоҳони боздоштшуда ва вазъи ҳуқуқии онҳо иттилоъ диҳад. Москва ин дастурро иҷро накардааст, гуфт Порошенко. Вакилони мудофеи украинҳои боздоштшуда аз эҳтимол дур намедонанд, ки мақомоти Русия ба маллоҳон фишор меоранд.

Низомиёни Украина 25 ноябр хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд. Хабарҳое нашр шуданд, ки Русия киштиҳо ва низомиёни Украинаро баргардониданӣ нест.

Идораи амнияти Қрим гуфт, се киштии низомии Украина 25 ноябр "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. ФСБ Русия истифодаи силоҳ зидди киштиҳои Украинаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки се маллоҳи украин захмӣ шуданд.

Боздошт шудани се киштии Украина дар тангнои Керчро аз тарафи Русия як қатор кишварҳои аврупоӣ ва ИМА танқид карданд. Дар НАТО гуфтанд, ки вазъи тангноро бодиққат пайгирӣ доранд.

XS
SM
MD
LG