Ссылки доступа

ИМА Русияро ба бурунрафт аз созишномаи маҳви мушакҳо таҳдид кард


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, агар Русия давоми 60 рӯзи оянда иҷрои шартҳои созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози замони Ҷанги сардро аз сар нагирад, Вашингтон аз он хориҷ хоҳад шуд.

Ин тасмимро котиби давлатии ИМА Майк Помпео 4 декабр баъди он эълом кард, ки иштирокдорони саммити НАТО дар Брюссел аз иттиҳоми Вашингтон зидди Москва ҷонибдорӣ карданд. Вашингтон гуфт, Москва талаботи қарордодеро, ки 1987 имзо шудааст, иҷро намекунад.

"Умедворем, Русия самти худро тағйир хоҳад дод. Вале ҳанӯз, ишорае намебинем, ки онро тағйир доданианд", - гуфт Пoмпео.

Дар НАТО гуфтанд, Русия бо нақзи созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз низоми мушакии 9М729 сохта, дар ихтиёри артишаш гузоштааст.

Вале намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова мегӯяд, кишвараш ба иҷрои бандҳои созишнома пойбанд аст.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои НАТО ва Гурҷистону Украина рӯзҳои 4-5 декабр дар қароргоҳи созмон мулоқот доранд. Ҷонибҳо ташаннуҷи авзоъ дар тангнои Керч ба далели таҷовузкориҳои Русия ва низомисозии баҳрҳои Сиёҳу Азовро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG