Ссылки доступа

Украина иҷозат ёфт, ба Ӯзбекистон дору ворид кунад


Баъди як моҳи манъи ғайрирасмии воридоти дору, Украина дубора имкони содир кардани дорувориро ба Ӯзбекистон пайдо кард.

Ҷониби Ӯзбекистон 3 ноябр воридоти доруҳои украиниро манъ кард. Дар ҳоли ҳозир ин монеа бардошта шуд. Ҳамзамон интизор меравад, ки дар ояндаи наздик масъалаи содироти шакар аз Украина ба Ӯзбекистон ҳал шавад.

Дар бораи ҳалли масъалаи воридоти дорувории Украина расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд. Ин иттилоъ баъди он дар расонаҳо нашр шуд, ки Вазорати рушди иқтисоди Украина 3 декабр хабар дод, Киев пажуҳишеро дар робита ба масъалаи воридоти мошинҳои истеҳсоли Ӯзбекистон шуруъ кардааст.

Мақомоти Ӯзбекистон бо баҳонаи роҳ надодани мошинҳои истеҳсоли Ӯзбекистон дар бозори Украина воридоти дорувории украиниро манъ карданд.

Эътилофи миллии истеҳсолгарони шакари Украина - "Укрсукор" 30 ноябр хабар дод, ҷониби Ӯзбекистон воридоти шакари украиниро манъ кардааст.

Дар соли 2017 Украина 598,7 ҳазор тонна шакар содир кард. Наздики 60 дарсади ин шакар ба Ӯзбекистон ворид шуд.

XS
SM
MD
LG