Ссылки доступа

Пешниҳоди поин овардани баҳраи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 4-уми декабри соли 2018. Ҳаракати автобусҳои наву замонави дар хатсайрҳои Душанбе Чи гуна муҳоҷирони тоҷик шаҳрванди кишвари “Кӯҳи Қоф” шуданд Мастона мегӯяд дар ҷустуҷӯи адолат аст на шавҳар Иқрорҳои гӯшношуниди зани уйғуртабор Саша Маскваро ҳамватанон латту кӯб карданд Ва арчаи тиллоӣ дар Олмон. (видео)

- Ҷамшедро аз нафақаи маъюбӣ маҳрум карданд. Ҷамшед Гулов, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро, ки соли 2001 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта ва аз онҷо маъюб баргашт, аз дарёфти нафақа маҳрум кардаанд. Ҷамшед дар ҳаждаҳсолагӣ ба артиш рафт ва, инак, ҳабдаҳ сол боз рӯи бистари беморӣ хоб аст. (видео)

- Автобус ба ҷои мусофирбарҳои хурд дар Душанбе. Мақомоти Душанбе рӯзи 4-уми декабр чандин автобуси навро ба истифода доданд, то аз ин тариқ ҳузури мусофирбарҳои хурдро дар кӯчаҳои пойтахт камтар кунанд. Онҳо мегӯянд, мусофирбарҳои худ баъзан сабаби танбашавии нақлиёт мешаванд. Сокинон дар ин бора чӣ мегӯянд? Дар навор бубинед (видео)

- Пешниҳоди поин овардани баҳраи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон. Мизони миёнаи баҳраи қарзии бонкҳои Тоҷикистон айни замон 28 дар сад бо пули миллии сомонӣ аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, худи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дар сад боздеҳ дорад ва бо ин фоизҳои бонкӣ муваффақ шудани соҳибкорон амри маҳол аст (видео)

- Блогери тоҷикро муҳоҷирон дар идораи полиси Москва лату кӯб карданд(видео)

- Чаҳор муҳоҷири тоҷик шаҳрванди "кишвари Кӯҳи Қоф" шуданд (видео)

- Хатари қочоқи инсонҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ вуҷуд дорад (видео)

- Осиё: даҳҳо саргузашти нав аз марказҳои бозомӯзии сиёсӣ. Даҳҳо қазоқтабор дар Алмато гуфтанд, ки хешу наздиконашон дар марказҳои бозомӯзии сиёсии Чин бедарак шуданд. Дар Қирғизистон воридкунандагони сӯзишворӣ аз эҳтимоли ба миён омадани буҳрони маводи сӯхт ҳушдор медиҳанд. Дар Душанбе нахустин озмуни зебоӣ барои духтарони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд. (видеои Настоящее время)

- Коргарон музди меҳнати худро талаб доранд. Дар Қазоқистони Шимолӣ коргарони як ширкати маҳаллӣ мегӯянд, якуним сол аст, маош нагирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, корфармо ба маблағи 10 миллион танга қарздор аст. (видео)

- Чаро Қазоқистон Falcon 9-ро интихоб кард? Дар пойгоҳи Ванденберги Калифорния 4 декабр мушаки борбари Falcon 9-и ширкати SpaseX бо моҳвораи қазоқӣ ба фазо партоб шуд. (видео)

- Ба низоми ҳавонавардии Русия чӣ шудааст? Тайи нимсолаи аввали соли 2018 дар Русия 17 садамаи ҳавопаймоӣ рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 89 кас ҷон бохтанд. (видеои Настоящее время)

- Порошенко бо наздикони маллоҳони боздоштшуда мулоқот кард. Ӯ 4 декабр дар мулоқот бо наздикони маллоҳоне, ки аз тарафи марзбонони Русия дар тангнои Керч боздошт шуданд, гуфт, Киев зидди Москва ба додгоҳи байналмилалии СММ шикоят мебарад. (видео аз Директ)

- Дар Фаронса ба болоравии андози сӯзишворӣ барои як сол моратория эълон шуд. (видеои Настоящее время)

- Уйғуртабор дар бораи шиканҷаҳо дар урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нақл кард (видеои Настоящее время)

- Ишқе бо низоми махсус. Ҳамсарони зиндонбонҳои Қирғизистон чи рӯзгоре доранд. Дар Қирғизистон 11 муассисаи ислоҳӣ амал ва дар онҳо наздики 15 ҳазор одам адои ҷазо мекунанд. Кор кардан дар ин муассисаҳо чи вижагӣ дорад? (видео)

- "Демократия – беҳтарин қасос аст". Маргу зиндагии нахустин зан-роҳбар дар кишварҳои исломӣ. Расо 30 сол пеш Беназир Бҳутто нахуствазири Покистон интихоб шуд. Вай нахустин зани мусалмон буд, ки ба мақоми роҳбарии давлат расид (Инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG