Ссылки доступа

Тазоҳургарони Бишкек аз Пекин қатъи таъқиби намояндагони миллатҳои дигарро талаб доранд


Дар назди қароргоҳи СММ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як гуруҳи сокинон бо талаби таваҷҷуҳ ба вазъи қирғизтаборону қазоқтаборон ва намояндагони миллатҳои дигар дар «марказҳои бозомӯзии сиёсӣ»-и Чин даст ба тазоҳурот заданд.

Тазоҳургарон мегӯянд, дар Чин намояндагони миллатҳои дигарро таъқибу боздошт мекунанд. Онҳо аз СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват доранд, ки ба ин қазия дахолат кунанд. Аз ҷумла, аз дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дархост доранд, ки вазъи намояндагони миллатҳои дигар дар Чинро дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти созмон баррасӣ кунад.

Ҷамъомадагон ҳамчунин аз мақомоти Чин талаб карданд, ки таъқибу боздошти қазоқҳо, қирғизҳо ва уйғурҳоро қатъ кунанд.

Бино ба хабарҳо, масъулони намояндагии СММ дар Қирғизистон гуфтаанд, ки омодаанд, панҷ намояндаи эътирозгаронро ба ҳузур пазиранд.

Чин тайи чанд моҳи ахир дар робита ба хабари таъқибу боздошти намояндагони миллатҳои дигар дар минтақаи Шинҷон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Расонаҳо соли 2016 хабар доданд, ки мақомоти Чин боздоштшудаҳоро дар «марказҳои бозомӯзии сиёсӣ» нигаҳ медоранд. Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар он марказҳо то ду миллион одам нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG