Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сокинон барои орди арзон занозанӣ мекунанд (видео)


Дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон ҳангоми фурӯши орди арзон бетартибӣ мушоҳида мешавад. Шоҳидон акс ва навори бетартибиҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Сар аз моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон фурӯши орди нисбатан арзон ба роҳ монда шуд.

14 сентябри имсол ҳукумати он кишвар қарор "Дар бораи чораҳои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодӣ бо гандум, орд ва нон дар асоси механизмҳои бозорӣ ва рақобатпазир"-ро қабул кард. Бар асоси фармон, сар аз 15 сентябр нархи яклӯхти як кило орди навъи якум 1400 сӯм (0,16 сент) муқаррар шуд. Як халта орд 87500 сӯм (10,5 доллар) нарх гузошта шуд. Дар ҳоле ки арзиши бозории як халта орд 12,6-13 доллар аст.

Дар ҳоли ҳозир дар фурӯши орди арзон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Аммо интизор меравад, ки чунин маҳдудияте амалӣ шавад.

XS
SM
MD
LG