Ссылки доступа

Сарбози маъюби тоҷик баъди 17 сол аз нафақа маҳрум шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

Ахбори Озодӣ аз 5-уми декабри соли 2018. Наимҷон Самиев дар Душанбе ба суоли муфаттишон посух медиҳад Риши муҳоҷирони тоҷикро дар марзи Русия метарошанд Ҷазои кормандони тибро барои хунукназарӣ сахт карданд Ҷорҷ Буши калониро 6 -уми декабр ба хок месупоранд Сарбози маъюбро аз нафақапулӣ маҳрум намуданд ва матолиби дигар. (видео)

- Сарбози маъюби тоҷик баъди 17 сол аз нафақа маҳрум шуд. Ҷамшед Гулов, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро, ки соли 2001 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта ва аз онҷо маъюб баргашт, аз дарёфти нафақа маҳрум кардаанд. Ҷамшед дар ҳаждаҳсолагӣ ба артиш рафт ва инак, ҳабдаҳ сол боз рӯи бистари беморӣ хоб аст. (видео)

- Корхонаи мурғпарварӣ чӣ гуна хонаи сокинон шуд? Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст (видео)

- Дар марзи Русия риши муҳоҷирони тоҷикро метарошанд. Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик гуфтанд, ки марзбонҳои Русия онҳоро ҳангоми убури сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ба покиза тарошидани ришашон маҷбур кардаанд (видео)

- Муҷозот барои ворид кардани доруҳои тақаллубӣ сангинтар шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 5 декабр муҷозоти ворид кардани доруҳои тақаллубӣ, олудагии инсон ба бемории гепатит ва ВИЧ-ро сангинтар кард. Акнун, дандонпизишке, ки бо айби ӯ бемор мубталои ВИЧ ё гепатит мешавад, то 12 сол равонаи зиндон мешавад.(видео)

- Автобус ба ҷои мусофирбарҳои хурд дар Душанбе. Мақомоти Душанбе рӯзи 4-уми декабр чандин автобуси навро ба истифода доданд, то аз ин тариқ ҳузури мусофирбарҳои хурдро дар кӯчаҳои пойтахт камтар кунанд. Онҳо мегӯянд, мусофирбарҳои худ баъзан сабаби танбашавии нақлиёт мешаванд. Сокинон дар ин бора чӣ мегӯянд? Дар навор бубинед (видео)

- Осиё: 3 млн евро барои таълим дар зиндонҳо. Маъмурони Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар Москва мухолифи тоҷикро рабудан. Дар Қазоқистон сиқти ҳамл дар миёни духтарони то 16-сола афзудааст. Иттиҳоди Аврупо барои таълими зиндониёни Қазоқистон пул медиҳад. Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба хабаргузории Азия+Плюс ва Радиои Озодӣ маҳдуд шуд. (видеои Настоящее время)

- Тюлеев дар бораи вохӯрӣ бо Отамбоев ва рӯзҳои дар ҳабс буданаш. Дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" Нариман Тюлеев дар бораи гуфтугӯи ахираш бо президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва рӯзҳои дар зиндон буданаш хоҳад гуфт. (видео)

- Оё барои сиқти ҳамл иҷозати волидон ҳатмӣ аст?​ (видео аз Қазоқистон)

Ҳомии ҳуқуқи рус Лев Пономарёв 25 рӯз ҳабс шуд. Дар Русия раҳбари ҳаракати "Барои ҳуқуқи инсон"-ро дар "нақзи такрории қоидаҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ" айбдор донистанд. (видео аз Директ)

- Путин ба нақшаи ИМА, ки мегӯяд, баъди 60 рӯз аз созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз хориҷ мешавад, посух гуфт. (видеои Настоящее время)

- Коргарон пардохти музди меҳнатро талаб доранд. Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ коргарон пардохти моҳонаашонро талаб доранд. Коргарони як корхона даъво доранд, ним сол аст, ки маош намегиранд (видео)​

- Уйғуртабор дар бораи шиканҷа дар урдугоҳҳои бозтарбияи Синтсзян нақл кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG