Ссылки доступа

Telia Uсell-ро арзонтар аз пораи додааш ба Гулнора фурӯхт


Ширкати Telia (TeliaSonera), ки 94%-и саҳмияҳои ширкати мобилии Coscom бо бренди Uсell-ро дар ихтиёр дошт, саҳми худро бар ивази 215 миллион доллар ба Кумитаи давлатии мусоидат ба корхонаҳои хусусишуда ва рушди рақобати Ӯзбекистон фурӯхт.

Telia пас аз он ки дар додани беш аз $331 млн ришва ба духтари президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова барои ворид шудан ба бозори алоқаи ин кишвар айбдор гашт, маҷбур буд, ба Вазорати адлияи ИМА ҳудуди 1 миллиард доллар ҷарима супорад. Ҳамин тариқ ширкат бо фурӯхтани Ucell Ӯзбекистонро тарк кард.

Ин ширкат 5 декабри соли равон эълом кард, ки раванди бурунрафти он аз Ӯзбекистон ба поён расид. «Telia саҳми худро дар Ucell ба маблағи 215 миллион доллар фурӯхт ва Вазорати адлияи ИМА зуд дар ин бора огаҳ карда шуд», омадааст дар изҳороти Telia.

Раванди бурунрафти Telia аз Ӯзбекистон се сол тӯл кашид. Ширкат дар ин бора соли 2015 тасмим гирифта буд. Он 5 декабр гуфт, маҷбур шуд, Ucell-ро ба ҳукумати Ӯзбекистон фурӯшад, чун натавонист харидори «муносиб» пайдо кунад.

«Мо Ucell-ро ба ҳукумати Ӯзбекистон фурӯхтем, чун ба талаботи «харидори масъулиятшинос» ҷавобгӯ аст. Дар ин раванд маълум аст, ки пулҳо ба куҷо мераванд ва мо масъулияти худро иҷро кардем. Ба хулосае расидем, ки дар вазъияти кунунӣ ин беҳтарин гузина аст», - гуфт намояндаи Telia.

XS
SM
MD
LG