Ссылки доступа

Сенати Қазоқистон идомаи иктишофи кони "Курмангазӣ"-ро дар баҳри Хазар тасдиқ кард


Сенати Қазоқистон 6 декабр давом ёфтани корҳои иктишофиро дар кони нафти "Курмангазӣ" дар қисмати қазоқистонии баҳри Хазар ё Каспий тасдиқ кард.

Дар ҷаласаи сенат вакилон созиши иловагиро ба созиши пешин байни Қазоқистону Русия дар бораи истихроҷи сарватҳои табиии баҳри Хазар аз 6 июли соли 1998 қабул карданд.

Канат Бозумбоев, вазири энержии Қазоқистон моҳи ноябр хабар дода буд, ки ширкати қазоқистонии "КазМунайГаз" ва "Роснефт"-и Русия тасмим доранд, барои корҳои иктишофӣ дар кони "Курмангазӣ" 30 миллион доллар ҷудо кунанд.

Гуфта мешавад, захираи кони "Курмангазӣ" ба наздики як миллиард тонна мерасад. Тасдиқи созишномаи ахир то шаш сол амал мекунад ва дар сурати зарурат мумкин аст, чаҳор соли дигар тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG