"Баъди муноқиша шаҳрванди 36-солаи Ӯзбекистон бо корд ба марди 51-солаи тоҷикистонӣ ҳамла кардааст. Гумонбар баъди содир кардани ҷиноят, талош кардааст, ки изи ҷиноятро пок кунад. Сари ҳамкорашро бурида, онро дар тафдон партофта ва ҷасади ӯро дар гилем печонида дохили ғанаки алаф пинҳон кардааст", - хабар доданд мақомоти Волгоград.
Баъди содир кардани ин ҷиноят, зодаи Ӯзбекистон ҳодисаро ба як ҳамкори дигараш нақл мекунад ва вай дар навбати худ корфарморо аз ин ҳодиса огоҳ месозад.
"Гумонбар ахиран боздошт шуд. Вазъи равонии вай солим арзёбӣ намешавад", - гуфт Евгений Вистропов, масъули кумитаи тафтишотии вилояти Волгогради Русия.