Ссылки доступа

ИМА Русияро даъват кард, аз мушаки 9М729 даст кашад


ИМА Русияро даъват кард, аз мушакҳои 9М729, ки дурии парвози онҳо хилофи Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз аст, даст бикашад.

Муовини котиби давлатии ИМА оид ба назорати таслиҳот Андреа Томпсон 6 декабр гуфт, ин навъи мушак то ба 5500 километр парвоз мекунад.

Пештар сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман низ гуфт, Вашингтон Москваро дар робита ба Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз шарики боэътимод намеҳисобад. Ба гуфтаи вай, Русия азми худро барои аз сар гирифтани риояи созишнома нишон надод. Ӯ афзуд, ки Вашингтону Москва тайи 5 сол риояи созишномаро ҳудуди 30 бор баррасӣ карданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп моҳи октябр эълон кард, ки Вашингтон мехоҳад, аз Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз хориҷ шавад. Ӯ Русияро дар нақзи созишнома айбдор кард. Ин созишнома соли 1987 имзо шуда, коркарди мушакҳои болдореро манъ мекунад, ки аз 500 то 5500 километр парвоз мекунанд. Вале Москва ин иддаоро рад мекунад. Тасмими бурунрафти ИМА-ро аз созишнома таҳдид номида, гуфт, ба он бо "чораҳои дорои хусусияти низомӣ" посух хоҳад гуфт.

XS
SM
MD
LG