Ссылки доступа

Владимир Кравченко - мудири пешини UzMobile роҳбари Ucell таъйин шуд


Владимир Кравченко, мудири кулли пешини оператори миллии UzMobile ҳамакнун роҳбари Ucell таъйин шуд. Ширкати мобилии Ucell ахиран аз сӯи ҳукумати Ӯзбекистон харидорӣ шуд.

Тонӣ Грюнберг аз соли 2014 то кунун Ucell-ро мудирият мекард. Ба иттилои манбаъҳо, масъулони хориҷии Ucell сабукдӯш ва дар ивази онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кор таъйин шудаанд.

Владимир Кравченкои 33-сола Донишгоҳи вестминстери байналхалқии Тошкандро хатм кардааст. Моҳи марти соли 2017 вай мудири кулли UzMobile таъйин шуд.

Ширкати Telia (TeliaSonera-и пешин), ки сеяки саҳмияҳояш аз ҳукумати Шветсия аст, 5 декабр 94 дарсади саҳмияҳояшро ба Кумитаи давлатии хусусигардонӣ ва рушди рақобати Ӯзбекистон дар ивази $215 млн фурӯхт.

Баъди он ки сару садоҳо дар бораи порадиҳии TeliaSonera ба духтари пешини президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова зиёд шуд, ширкат маҷбур гардид, ки ба вазорати адлияи ИМА наздики $1 млрд ҷарима пардозад.

Ширкати Telia 5 декабр дар сомонааш хабари фурӯхтани саҳмияҳояш ва хориҷшавиашро аз Ӯзбекистон тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG