Ссылки доступа

Порлумони Украина созишномаи дӯстӣ бо Русияро бекор кард


Порлумони Украина 6 декабр лоиҳаи қонуни "Қатъи иҷрои созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии Украина ва Русия"-ро ба тасвиб расонд.

Лоиҳаро президенти Украина Петр Порошенко 3 декабр пас аз он ба порлумон пешниҳод кард, ки Русия се киштӣ ва 24 маллоҳи украинро дар тангнои Керч тирборон ва боздошт кард. Мақоми лоиҳаи қонун ҳамчун "фаврӣ" арзёбӣ шуд.

​Пештар вазири умури дохилии Украина Павел Климкин хабар дода буд, ки дипломатҳои кишвараш аллакай иҷрои 48 созишнома бо Русияро қатъ карданд ва рӯзҳои наздик боз ҳудуди 40 қарордоди дигар бекор хоҳад шуд.

Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории Украинаву Москваро раҳбарони ду кишвар -- Леонид Кучма ва Борис Елтсин 31 майи соли 1997 имзо карда буданд. Он баъд аз тасвиби порлумони Украина ва Думаи давлатии Русия 1 апрели соли 1999 ба иҷро даромад. Украина низ аз ин созишнома расман аз 1 апрели соли 2019 хориҷ хоҳад шуд.

Порлумони Украина 6 декабр қонуни дигареро қабул кард, ки ба марзбонон иҷозат медиҳад, дар сурати ҳамла ба ин кишвар бидуни огоҳӣ ҳамлагаронро паронанд. Дар қонун бо овардани банди алоҳидае гуфта шудааст, ки марзбонони украин ҳақ доранд, дар сурати ҳамла ба киштиҳои ин кишвар оташ кушоянд.

XS
SM
MD
LG