Ссылки доступа

Барканории 6 корманди додситонии Суғд дар пайи ошӯб


Дар доираи таҳқиқи ошӯби як моҳи пеш дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд, ки дар маҷмуъ 25 кушта ва чандин захмӣ бар ҷой гузошт, шаш корманди масъули Додситонии вилояти Суғд аз вазифа озод шудаанд.

Ду манбаи огоҳ аз ҷараёни таҳқиқи ошӯб рӯзи 6-уми декабр гуфтанд, "Завқибек Шарифзода – додситони назорати маҳбасҳои вилояти Суғд ва як муовини ӯ, Маъмур Аъзамзода, сардори шуъбаи назорати маҳбасҳои Додситонии вилояти Суғд ва се додситони ҳамин шуъба барканор шуданд".

Ба қавли манобеъ, ҳангоми баррасии сабабҳо ва омилҳои ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ошкор шудааст, ки масъулони бахшҳои назорати маҳбасҳо “хунукназарӣ” зоҳир карда, ба шикояти маҳбусон таваҷҷӯҳ намекарданд ва дар натиҷа ин ҳодиса рух дод.

Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябр рух дод. Дар ин ҳодиса ду зиндонбон ва 23 зиндонӣ кушта шуда, чандин нафар захмӣ гардиданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон сабаби аслии сар задани ошӯб шудааст. Ошӯб дар зиндони Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Таҳқиқи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дафъатан шурӯъ шуд, вале мақомот гуфтанд, ки ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст.

Рӯзи 6-уми декабр як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, пас аз ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд фаъолияти масъулони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Додситонии кул мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷумла ба сардори Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кул Шамс Нурализода танбеҳи қатъӣ дода шуд.

Ин намояндаи додситонии кул аз додани тафсилоти бештари ҷараёни таҳқиқи парванда худдорӣ кард ва гуфт, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва бояд ба зудӣ натиҷагирӣ шавад.

Ин хабар дар ҳолест, ки охири моҳи ноябр мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи 7 корманди маҳбас ва дастикам 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд бо иттиҳоми иштирок дар шӯриш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси Хуҷанд, дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард, “ба далели бознишаста шудан” аз вазифааш озод гардид.

Мансурҷон Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG