Ссылки доступа

Суруду клипи овозхонҳои тоҷик – танҳо бо иҷозати вазорат (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми декабри соли 2018. Дар робита бо ошӯби зиндони Хуҷанд шаш корманди додситонӣ барканор шуданд, талоши покизагии забон ва ё эҳёи сензура ва таъсири бади дахолат ба ҳаёти ҷавонон, ки боиси хонавайронӣ мешавад.

- Суруду клипи овозхонҳои тоҷик – танҳо бо иҷозаи вазорат. Ду ниҳоди расмии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки барои сурудҳои бе вазну қофия ва таҳқиромез овозхонҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин пешниҳод рӯзи 6-уми декабр аз тарафи масъулони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар Душанбе садо дод (видео)

- 101 садбарги Сурайё зидди хушунати занон дар Тоҷикистон. “Беҳтарин силоҳи рафъи хушунат ва дилозории занон – як дона гул аст”, - мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат (видео)

- Барканории 6 корманди додситонии Суғд дар пайи ошӯб (видео)

- Муҳаммадсафар -- устоди донишгоҳ ва репсаро. Омӯзгориву рэпсароӣ аз назари аввал ду машғулияти комилан мухталиф ҳастанд. Вале барои Муҳаммадасафар Зокиров, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия миёни ин ду ҳунар тафовути зиёд вуҷуд надорад. Омӯзгори 24-солаи фанни бисёр ҷиддии иқтисод дар донишгоҳ баъди кор инсони дигар мешавад: либоси расмии костюму галстукдорро бо сарутани озод ва то ҷое хиёбонӣ табдил мекунад ва дар жанри реп мехонад. (видео)

- Осиё: барканории сардори маҳбаси Қазоқистон. Дар Қазоқистон сардори маҳбасеро барканор карданд, ки вақтҳои ахир зиндониёни он дар натиҷаи шиканҷа ҷон мебохтанд. Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Навбатпоиҳо дар беморхонаи равонии Бишкек, бо вуҷуди марги беморонаш, коҳиш намеёбанд. (видеои Настоящее время)

- Ҷавони гирифтори аутизм дар яке аз тарабхонаҳои машҳури Бишкек кор мекунад (видео аз Директ)​

- Ҳукми додгоҳи Русия дар бораи марзи Ингушетия ва Чеченистон. Додгоҳи конститутсионии Русия 6 декабр созишномаи мақомоти Чеченистону Ингушетияро барои тағйири хати марз ва табодули минтақаҳо қонунӣ номид. (видео аз Директ)

- Туркия талаб дорад, ду гумонбари парвандаи қатли Хошуқчӣ ҳабс шаванд(видеои Настоящее время)​

- Дар интизори гурда. Сокинони одие, ки бояд узвҳои дохилиашон иваз карда шавад, чӣ ҳолу аҳволе доранд? Саргузашти Ермек. (видео аз Қазоқистон)

- Хидмати 25 ҳазор зан дар артиши Украина. (видео аз Директ)

- Дар бораи идеологияи тундгароӣ дар маҳбасҳо. Чи гуна бояд бо идеологияи тундгароӣ дар зиндонҳо мубориза бурд? Ин мавзуъ дар мизи мудаввари Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бо ташаббуси СММ баррасӣ шуд.​ (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG