Ссылки доступа

Ҳавопаймои Душанбе – Алмато "ба далели туман" ба фурудгоҳи Чимкент фиристода шуд


Ҳавопаймои ширкати миллии Тоҷикистон - TajikAir, ки 7 декабр аз Душанбе ба шаҳри Алматои Қазоқистон парвоз карда буд, ба далели вазъи номусоиди ҳаво натавонист, дар фурудгоҳи Алмато ба замин нишинад ва ба фурудгоҳи иловагӣ фиристода шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба маркази матбуотии фурудгоҳи Алмато хабар доданд, ки ҳавопаймои ширкати TajikAir ба фурудгоҳи шаҳри Чимкент фиристода шудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ба далели вазъи бади ҳаво парвози ҳавопаймоҳои маҳаллӣ ҳам бо таъхир сурат мегирад.

Дар хабари фурудгоҳ ҳамчунин гуфта шудааст, ки Алмато сарфи назар аз вазъи ҳаво омодааст, ҳавопаймоҳоро қабул кунад.

XS
SM
MD
LG