Ссылки доступа

101 гули Сурайё зидди дилозории занон дар Тоҷикистон


“Беҳтарин силоҳи рафъи хушунат ва дилозории занон – як дона гул аст”, - мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат.

Ӯ рӯзи 5-уми декабр бо ҳамсараш – журналист Ҷумъаи Мирзо – дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба раҳгузарон якдонаӣ гул тақдим карданд, то онҳо ба хонаҳояшон рафта, дили модару хоҳар ва ҳамсарони худро ба даст биоранд.

Сурайёи Шуҷоат мегӯяд, ин иқдомро бо умеде роҳандозӣ кард, ки битавонад зеҳни ҳадди ақал 101 марди тоҷикро дигар кунад ва онҳоро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо хушунати занон водор намояд. Ӯ рӯзи 6-уми декабр гуфт, ин саҳми оилавии ӯ дар маъракаи “16 рӯзи мубориза бо хушунати занон” дар Тоҷикистон аст.

Ҳангоми тақдими ҳар дона садбарги навъи ҳолландӣ Сурайёи Шуҷоат ва ҳамсараш ба мардон мегуфтанд, изҳори муҳаббатро ба ҳамсари худ фаромӯш накунанд.

Сурайёи Шуҷоат мегӯяд, фикри тақдими гул ба мардони раҳгузар тасодуфӣ нест ва дер боз дар сари ӯ мечархид: “Аввал бояд бигӯям, ки ин идея аз куҷо пайдо шуд. Номи модарам Сабдарг буд ва мо дар ҳавлӣ 12 гули сабдарг доштем, ки то зимистон мешукуфт. Модарам ин гулҳоро дӯст медошт. Вақте модарам 15 сол бемории бистарӣ буд, ҳамеша болои сараш гулҳои садбарг буданд. Вақте се соли пеш модарам аз дунё гузашт, ман мехостам ба хотири ӯ чунин як иқдомро роҳандозӣ кунам ва ин имкон танҳо имрӯз ба ман фароҳам шуд”.

Сурайёи Шуҷоат ва ҳамсараш ба раҳгузарони ношинос гулеро тақдим кард, ки чандон арзон нестанд. Дар бозор қимати чунин гул ҳудудан 20 сомонӣ ва дастаи 101 дона гул дар маҷмӯъ беш аз 200 долларо ташкил медиҳад. Вале ӯ мегӯяд, барояш ин муҳим нест, муҳим ин аст, ки битавонад ба ҳайси як сокини Тоҷикистон саҳми худро дар беҳбуди муҳити хонаводагии даҳҳо зани тоҷик гузорад.

Ҷумъаи Мирзо, ки 33 сол аст бо Сурайёи Шуҷоат зиндагӣ мекунад, бо ифтихор гуфт, ҳамеша ба ҳамсараш гул туҳфа кардааст ва ба ҳамин хотир ҳам дар ин рӯз дар канори хонумаш ба бегонагон ин одати худро талқин мекард. Ӯ гуфт, таҷрибаи зиндагии ӯ ин аст, ки як гул метавонад деворҳои сахту сангини пеши роҳи зиндагии хушбахту пур аз меҳрро бишканад.

XS
SM
MD
LG