Ссылки доступа

Расонаҳо: Трамп рӯзноманигор Ҳезер Найертро сафири ИМА дар СММ таъйин кард


Хизер Нойерт
Хизер Нойерт

Доналд Трамп, президенти ИМА дар бораи таъйини сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҳезер Найерт ба мақоми сафирии Амрико дар СММ қарор қабул кард. Дар ин бора сомонаи Bloomberg бо такя ба манобеи худ хабар дод. Хабаргузории Reuters ва чанд расонаи дигар ҳам ин хабарро нашр карданд.

Ба иттилои Fox News, давоми рӯзи 7 декабр Трамп ин иттилоъро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ хоҳад кард. Моҳе пеш Трамп ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Нойертро ба мақоми сафирӣ пешбарӣ кардааст.

Нойерти 48-сола, ба навиштаи Bloomberg, "интихоби ғайристандартӣ" ба мақоми сафири доимии ИМА дар СММ аст, зеро вай таҷрибаи ками корӣ дар мақомҳои олии давлатиро дорад.

То замони ба мақоми сухангӯи Департаменти давлатӣ расидан, Ҳезер Найерт мудати тӯлонӣ ба ҳайси хабарнигор дар шабакаи телевизионии ABC News кор кардааст. Баъдтар вай ба шабакаи Fox News гузашт. Вай онҷо барандаи яке аз барномаҳои писандидаи Доналд Трамп - "Fox and Friends" буд.

Никкӣ Ҳейлӣ - сафири амалкунандаи ИМА дар СММ моҳи октябр хабар дод, ки тасмим дорад, то охири имсол ба истеъфо равад. Расонаҳо навиштанд, ки Ҳейлӣ мумкин аст, Майкл Пенсро дар мақоми ноиб-президенти ИМА иваз кунад.

XS
SM
MD
LG