Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ИА хостанд, раҳоии Азимҷон Аскаровро талаб кунад


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) хост, раҳоии Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абадро аз мақомоти Қирғизистон дархост кунад.

Ин муроҷиати Human Rights Watch ба ИА рӯзи 6 декабр, пеш аз баргузории конфронси «Иттиҳоди Аврупо – Қирғизистон» нашр шуд, ки қарор аст, 10 декабр баргузор шавад. Дар номаи созмон омадааст, ки Аскаров аз соли 2010 ғайриқонунӣ дар ҳабс аст. Ҳамчунин қайд шуда, ки ҳомии ҳуқуқи қирғиз бо вуҷуди он ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ соли 2016 озодии ӯро талаб карда буд, дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад.

Азимҷон Аскаров бо айбномаи ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар ҷараёни даргирии байниқавмии қирғизҳо ва ӯзбектаборон дар моҳи июни соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, зинаҳои болоии додгоҳӣ низ ин ҳукмро бетағйир гузоштанд.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон бозбинии парвандаи Аскаровро дархост кард. Кумита гуфт, Аскаров ғайриқонунӣ боздошту шиканҷа шуда, дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ мешавад.

Дертар додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқро дубора баррасӣ кард, вале ҳукми зинаи аввалии додгоҳро бетағйир гузошт. Як қатор созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳанӯз ҳам исрор доранд, ки Аскаров дар маҳбас ғайриқонунӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG