Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон 1177 мансабдор бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шуданд


Дар Ӯзбекистон соли гузашта 1 ҳазору 177 мансабдори давлатӣ бо ҷурми фасодкорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 декабр дар як чорабинии бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи ин кишвар хабар дод.

"Ҳар қадаре, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош кунанд, бидуни назорати ҷомеа муборизаҳо зидди ин зуҳуроти номатлуб корсоз нахоҳанд буд. Зидди он на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ба воситаи нирӯи ҷомеа низ бояд муборизаи ҷиддӣ бурд", - изҳор дошт Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як ниҳоди давлатӣ бояд барномаи дохилии мубориза зидди коррупсия бошад, ки рафти иҷрои онро ҷомеа назорат кунад.

Президенти Ӯзбекистон гуфт, тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар порлумонҳои бештари кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Русия, Бритониё, Булғористон, Юнон, Латвия ва Эстония комиссия ё кумитаи мубориза бо фасод амал мекунад.

"Бо назардошти ин таҷриба ва талаботи Конститутсияи Ӯзбекистон пешниҳод мекунам, дар палатаҳои Маҷлиси Олӣ кумитаи мубориза зидди фасод таъсис дода шавад. Кумитаҳои мазкур ҳамчун ниҳоди ҳокимияти намояндагӣ дар тақвияти муборизаҳо зидди коррупсия дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ мусоидат кунанд", - гуфт Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG